Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби рақами 85 дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара

24.05.2024 07:50, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи мактаби рақами 85 дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара 24.05.2024

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар соҳаи саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нави дигар ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф ба истифода доданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ аз дуошёна иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздики 1, 64 гектарро дар бар мегирад.

Дар қитъаи замини номбурда 1 бинои ду ошёнаи таълимӣ, дегхона, анбори сӯзишворӣ, ҳавзи оташхомушкунӣ ва таҷҳизоти барқтаъминкунӣ ҷойгир шудааст.

Дар маҷмуъ бинои нави муассисаи таълимӣ барои 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Мактаби нав дорои ҳуҷраҳои гуногуни фаннӣ ва компютерӣ мебошад, ки онҳо бо компютер ва таҷҳизоти лабараторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин гардидааст.

Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон муассиса дорои синфхонаҳои шоҳмот, майдончаи варзишии замонавӣ ва китобхона бо 20 ҷойи нишаст мебошад.

Майдончаи варзишии муассиса дорои таҷҳизот барои обу тоби бадан, бозии футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.

Дар гузашта хонандагон аз муассисаи таълимӣ танқиси ва барои таҳсил аз деҳоти Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф ба дигар деҳа мерафтанд.

Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ва бештар шудани талабот ба омӯзиши илмҳои замон бошад, заруратро барои бунёди чунин як муассисаи таълимӣ тадриҷан дучанд менамуд.

Ҳаминро ба инобат гирифта, соли 2023 бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 бо ҷалби сармоя оғоз гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон ва дар роҳи худшиносиву ватандӯстӣ ҳидоят намудани онҳо дастуру супоришҳо доданд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи раванди созандагиҳо дар мамлакат сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро азхуд намоянд.

Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520