Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба қароргоҳи Пойгоҳи низомии 201 Федератсияи Русия ташриф оварданд.
Аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин хизматҳои шоёни Пойгоҳи низомии 201 бо Ордени Жуков қадрдонӣ карда шуд.
Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин роҳбарият ва ҳайати шахсии ин воҳиди низомиро бо мукофоти давлатӣ ва ҳам бо имзо шудани Созишномаи байнидавлатӣ доир ба мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онро омили таҳкими амнияту субот дар минтақа номиданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки минбаъд ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия ба муддати тӯлонӣ ва беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.