Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III

22.11.2013 16:53, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III - ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба дурнамои рушди вазъият дар Афғонистон ва минтақаи атрофи он пас аз соли 2014 таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар робита ба транзити молҳои кишварҳои аъзои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Ҳукумати Тоҷикистон тибқи Созишномаи бо НАТО бастааш ба ин кор ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.

Генерал Вилям Фрейзер III бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон ва мавқеи стратегии ҷуғрофии он дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Амрико минбаъд низ рушди идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои амниятӣ, қудратӣ, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520