Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади васеи корӣ

23.04.2014 17:28, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади васеи корӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади васеи корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи вилояти Суғд доир ба ташкили марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, хусусан навсозии роҳҳои мошингард ва омодагӣ ба зимистони оянда аз масъалаҳои асосии ҷамъомад номида шуд.

Чунонки зикр гардид, дурнамои киштукори баҳорӣ то имрӯз дар вилояти Суғд ба андозаи 70% ва дар вилояти Хатлон 88% иҷро шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба кортошка дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар, ба афзун намудани майдони кишти ин зироат ва ҳосилнокии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад.

Доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва дигар минтақаҳои кишвар, ки аз он хисороти калон дидаанд ва ҳам доир ба захира намудани маводи барои чунин ҳолатҳо зарурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки то 10 май раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба навсозии роҳҳо, сохтмони мактабҳою беморхонаҳо, синфҳои иловагӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир, гӯшт, пӯст ва пашм ва ҳамчунин бунёди боғҳо ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дастуру ҳидоятҳо доир ба омодагӣ ба 20-солагии Конститутсия ва Суруди миллӣ ва бузургдошти 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520