Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

26.08.2014 14:49, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи чанде аз мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Аз онҳо талаб карда шуд, ки содиқонаю софдилона хизмат намуда, ҳифзи манфиатҳои давлату миллатро дар мадди аввал гузоранд ва ҳамчунин дар таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаҳои худ саҳми намоён дошта бошанд.

Ҳамин тариқ роҳбарони яқ қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи нашаовар иваз карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520