Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе

30.08.2014 11:28, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Шафақи кӯчаи Хуҷамбиёи Поёни шаҳри Душанбе мактаби нави замонавӣ барои 1400 хонанда дар 2 баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таълимии ин маҳаллаи сераҳолиро, ки аввалин мактаби муосири чорошёна бо таҳхона дар шаҳри Душанбе аст, ифтитоҳ намуда, онро туҳфаи арзанда дар арафаи соли нави хониш номид.

Чунонки зикр гардид, мактаб бо тарҳи зебои муосир бунёд ёфта, дорои 30 синфхона мебошад. 6 синфхонаи он барои дарсҳо аз фанҳои дақиқ бо дастгоҳу таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳаз шудааст. Мактаб 2 синфи компютерӣ барои омӯзиши асосҳои кор бо компютер ва 2 синфи лингафонӣ барои забонҳои хориҷӣ дорад.

Дар синфи забон ва адабиёти тоҷик ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ барномаи компютерии омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Абдурраҳмони Ҷомӣ муаррифӣ гардид, ки ба истиқболи 600-солагии Мавлоно таҳия гардида, барои мактабҳо тавсия дода шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи хонандагони синфи яки ин мактаб китобҳои дарсӣ ва албомҳо, ки ҳамагӣ дар яке аз чопхонаҳои наву муосири кишвар чоп шудаанд, тақдим намуд.

Синфҳои ҳунаромӯзии писарону духтарон ҳам бо шароити зарурӣ барои дуредгарию челонгарӣ, таомпазӣ, либосдӯзӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои ба талаби замон мувофиқ таъмин карда шудаанд. Як синфхона бо 14 дастгоҳи махсус барои қолинбофии дастӣ ва гулдӯзии мошинӣ омода гаштааст. Ин кор тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ривоҷ додани омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла мактаббачагон, анҷом дода шудааст.

Толори маҷлисии мактаб 308 ҷойи нишаст дошта, барои маърӯзаҳои умумӣ, маҷлисҳои корию тантанавӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Толори варзишӣ ғайр аз шароити стандартии машқу тамрин боз 118 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.

Ошхонаи мактаб дар таҳхона ҷойгир шуда, дорои 114 ҷойи нишаст мебошад.

Чунонки иттилоъ доданд, дар мактаби кӯҳнаи маҳалла ҷойи нишаст барои хонандагон намерасид ва ин мушкили асосӣ барои роҳандозии таълиму тарбияи босифат буд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонандагону омӯзгорон ва падару модарони мактаббачагони ин маҳалларо бо оғози фаъолияти мактаби наву замонавӣ табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки кунун ва минбаъд таълиму тарбия дар ин муассисаи зебою муҷаҳҳаз бояд дар сатҳи баланди дилхоҳ ба роҳ монда шавад.

Ба роҳбарияти шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки бинои кӯҳнаи куллан навсозишудаи ин мактабро ба кӯдакистон барои 300 кӯдак табдил диҳанд ва таъкид гардид, ки дар ин сурат он ҷо 150 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520