Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд

28.01.2015 09:55, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Аълоҳазрат

Мояи сарфарозии инҷониб аст, ки ба муносибати байъат ба Шумо ба ҳайси Подшоҳи Арабистони Саудӣ табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтарини худро арз намоям. Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони онам, ки Шуморо дар хидмати Ҳарамайни Шарифайнаш муваффақ намояд, қадамҳои Шуморо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор гардонад.

Бо истифода аз ин фурсати нек рағбати содиқонаи хешро ҷиҳати идомаи раванди ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар амри таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат, ки муҷиби хайру баракат барои мардумони бародари мо бошанд, изҳор менамоям.

Эҳтирому сипоси моро бипазиред».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520