Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйиротҳои кадрӣ

18.02.2015 18:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар доираи иҷрои қарорҳои ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси эродҳои Раиси Шӯрои амният, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва камбудию норасоиҳои ҷиддии роҳдодаи онҳо, қабул шудааст, як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.

Ҳамин тариқ, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҳир Ҷобирзода, муовинҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода аз вазифаҳои ишғолнамуда сабукдуш гардиданд.

Ҳамчунин дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар дода шуд, аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳаммад Арбобов ва роҳбарони прокуратураҳои вилоятҳои Суғду Хатлон Шариф Қурбонзода ва Сироҷиддин Нурзода ва ҳам прокурори шаҳри Душанбе Мирзошариф Шарифзода аз вазифа озод карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520