Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт

08.12.2015 09:27, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз бо роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд.

Тибқи маълумоти то ин дам расида, бар асари заминларзаи 7 декабр беш аз 500 хона вайрон шуда, даҳҳо тан ҷароҳат бардоштаанд.  Мутаасcифона, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки бар асари ин заминларза аз ҳама бештар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон хисорот дидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи мазкур, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки ҳарчи зудтар аҳолии бесарпаноҳмондаро бо ҷойҳои зисти муваққатӣ, сарулибоси гарм, хӯрока ва дигар лавозимоту шароити зарурӣ таъмин карда, барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид чораҳои таъхирнопазир андешанд.     

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520