14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Иззат Саъад ас-Сайид мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, рушду густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, масоили имрӯзаи дорои характери байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Вақти он фаро расидааст, ки сатҳи ҳамкориҳои ба ҳарду тараф манфиатнок дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баланд бардошта шаванд, - таъкид ёфт дар мулоқот.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Иззат Саъад ас-Сайид ёддошти тафоҳуми байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро, ки имрӯз ба имзо расид, механизми фаъоли ташхису танзими самтҳои афзалиятнок ва эҷоди роҳҳои муносиби амалӣ гардидани онро арзёбӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои самимию созанда ва ҳусни тафоҳум ба поён расид.