Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Комиссари олии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ Ролӣ Экеус

24.03.2005 12:00, шаҳри Душанбе

24 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Комиссари олии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ Ролӣ Экеус мулоқот кард.

- "Мо ба нақши комиссари олии САҲА дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ барои амалӣ сохтани  дипломатияи пешгирикунандаи  самарабахш баҳои баланд медиҳем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷараёни сӯҳбат таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон дар сатҳи ҳукумат барои амалӣ сохтан ва ҳимоя кардани ҳуқуқи  ақаллиятҳои  миллӣ ягон монеа вуҷуд надорад. Вазъи  мураккаби иҷтимоию иқтисодии давраи гузариш, ки мамлакат аз сар мегузаронад, ҷараёни муҳоҷирати аҳолиро хусусан дар солҳои аввали мустақилияти давлат тақвият бахшид, аммо имрӯз тамоюли мазкур дар сатҳи барои ҳар мамлакат муқаррарӣ идома дорад.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли аҳдномаҳои ҳуқуқ ва озодии ақаллиятҳои миллӣ мебошад. Аҳдномаи мазкур дар доираи ИДМ қабул карда шудааст.

- "Мо солҳои душвори муқовимати дохилиро аз сар гузаронда, муттаҳид сохтани тамоми ҷамъиятро дастоварди асосии худ мешуморем ва барои таҳкими он тамоми тадбирҳоро меандешем", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон қайд карданд, ки ақаллиятҳои миллӣ дар маҳалҳои зисти худ ба гирифтани маълумот бо забони модарӣ имконияти воқеӣ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки аз ҷумлаи намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ гурӯҳи махсуси корӣ ташкил дода шудааст.  Намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ бо гурӯҳи  мазкур дар тартибу таҳияи Барномаи давлатии сиёсати миллӣ бевосита ва фаъолона кумак мерасонанд.

"Лоиҳаи барнома дар айни ҳол муҳокима карда мешавад ва дар он намояндагони САҲА низ ширкат доранд", - изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520