Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мукофотонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" -Ордени нахустини алмосдори "Ситораи сарпараст"

29.03.2005 16:00, шаҳри Душанбе

29 март  маросими ботантанаи мукофотонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" -Ордени нахустини алмосдори  "Ситораи сарпараст" баргузор гардид.

Сардори давлат зикр намуд, ки ин ҷоизаро мукофоти тамоми халқ мешуморад, зеро халқи тоҷик тамоми душвориҳо ва мушкилотро бартараф сохта, давлати худро бунёд кард.  Тавре, ки маълум аст, давлатдории тоҷикон дар вақташ меъёр ва маҳаки  ташкили ҷамъият мувофиқи принсипҳои  адолат, инсоният, хирад ва ҳамдардиву дастгирии мӯҳтоҷон ба шумор мерафт.

Раиси Бунёди байналмилалии хайрияи  "Сарпарастони аср" Олег Олейник изҳор намуд: "Ман шарафмандам, ки Шуморо, ҷаноби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саҳми бузурги шахсиятон дар таҳкими сулҳ, суботи амният, вусъати ҳамкории халқҳои Тоҷикистону Россия ва дастгирии ташаббусҳои ҷомеа, ки ҳадафи онҳо таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқи инсон, эҳтироми илм ва фарҳанг мебошад, аз номи Шӯрои сарпарастони  Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" бо ордени нахустини  "Ситораи сарпараст" сарфароз мегардонам. Ҷоизаи мазкур шаҳодати  баҳои баландест, ки одамони машҳур ва соҳибэҳтироми Россия ба заҳмати самарабахши Шумо медиҳанд".

Аз рӯи анъана, шахсоне, ки  бо ин орден мукофотонида мешаванд, дар Дафтари ягонаи зарандуди  миллатҳо соядаст мегузоранд, ки он дар китобхонаи  давлатии Россия нигоҳ дошта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Дафтари зарандуди миллатҳо соядаст гузошта, ба Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" барои ин қадрдонии олӣ миннатдорӣ баён кард.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар оянда низ барои ҳарчи бештар амалӣ сохтани ҳадафҳои наҷибонаи  дастгирии фарҳанг ва ҳунар кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар маросими ботантанаи  супурдани мукофот академики  Академияи байналмилалии "Телевизион ва радио", Ҳунарпешаи мардумии Россия Ангелина Вовк,  Ҳунарпешаи шоистаи  Россия Юрий Ковеленов ва сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Максим Пешков, инчунин намоянагони аҳли зиёи Тоҷикистон ширкат варзиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520