Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

29.03.2005 19:00, шаҳри Душанбе

29 март дар бӯстонсарои ҳукуматӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзои Ҳукумат, роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Сарвари давлат аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, диққати масъулинро ба татбиқи амалии фармону қарор ва барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ҷалб кард.

"Вазифаи  муҳимтарини Ҳукумат идомаи муваффақонаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва болоравии иқтисодиёт равона шудааст,  инчунин ислоҳоти низоми идораи давлатӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ, рушди бахши ғайридавлатӣ, вусъати хусусигардонӣ ва густариши ислоҳоти бонкӣ мебошад", - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

"Зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи соҳибкории хурду миёна" пеш омадааст", - афзуд Сарвари давлат, - зеро манбаи асосии рушди ҷомеаро фаъолияти самарабахши соҳибкорони ватанӣ ташкил медиҳад".

Ба масъалаи вусъат додани қарзҳои хурд дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои марбутаро ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботи мушаххас дар бораи ҳаҷми қарзҳои додашуда ва манбаъҳои он вазифадор намуд.

Сарвари давлат супориш дод, ки баҳри таъмини саривақтии маошу  нафақа, кӯмак ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, расонидани кӯмак ба мактаб-интернатҳо, баланд бардоштани  сифати  хизматрасониҳои тиббӣ, фароҳам овардани шароитҳои беҳтари таълиму тарбия, мубориза алайҳи ришвахӯрӣ, ба хусус дар соҳаи маориф, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, такмили ихтисоси  кормандони соҳаҳои  мухталифи  хоҷагии халқи  кишвар ва ҷобаҷогузории кадрҳо бо ҷалби  мутахассисони варзидаи  дорои тафаккури  наву созанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои бетаъхир андешида шавад.

Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва нияту нақшаҳои  Ҳукумат дар солҳои минбаъда ҳамчун барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 апрел пешниҳод карда мешавад, - гуфт дар хатми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520