Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири хоҷагии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Лиёқат Алӣ Ҷатой

30.03.2005 16:00, шаҳри Душанбе

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо вазири хоҷагии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Лиёқат Алӣ Ҷатой мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Мо равобити васеъ ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо кишвари Покистон аз самтҳои  муҳимми сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии худ медонем, - таъкид кард Сарвари давлати Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки  дар муддати хеле кӯтоҳ равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Тоҷикистону Покистон хеле густариш ёфт. Агар дар соли 2003 ҳаҷми  умумии тиҷорати тарафайн ҳамагӣ 100 ҳазор доллар бошад, танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ табодули мол 536 ҳазор долларро ташкил дод.

Ҷумҳурии Исломии Покистон метавонад бо саҳми амалӣ дар бунёди нерӯгоҳҳои кишвари мо ҳам нерӯи арзони барқ ва ҳам манфиати бузурги иқтисодӣ ба даст орад. Тавре  дар сӯҳбат арзёбӣ шуд,  имрӯз шароити мусоиди ширкати амалии Покистон дар бунёди  нерӯгоҳи обию барқии Роғун дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон, Россия ва кишварҳои дигар фароҳам гардидааст.

Тоҷикистону Покистон метавонанд муштаракан дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обию барқӣ, муассисоти гуногуни барқӣ, шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ, таҷдиди сохтори соҳаи барқ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон саҳми босазо гузоранд.

Истифодаи муштараки захираҳои энергетикии Тоҷикистон, бунёди роҳи мошингард ва хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон тавассути дараи Вахон ба Покистон, ки дар ин бора ҳанӯз дар ҷараёни  сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод бо Президент Парвиз Мушарраф мувофиқа ҳосил шуда буд, дар маркази диққати мусоҳибон қарор гирифт.

Сохтмони фақат як нерӯгоҳи азими обии барқию Даштиҷум (бо иқтидори солонаи беш аз 17 миллиард киловатт-соат) имкони онро фароҳам меорад, то ниёзи минтақа ба барқ тақрибан рафъ гардад ва дар кишвари Афғонистон беш аз 1 миллион гектар замин обёрӣ шавад.

Дар сӯҳбат ҳамзамон атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, сохтмон ва инфраструктура табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520