Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

04.04.2005 12:00, шаҳри Душанбе

4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот кард.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи кунунӣ тавсеаи робитаҳои миёни кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ амри воқеии амнияту субот маҳсуб мешавад.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ба вазъи кунунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, омодагиҳо ба машқҳои ҳарбии муштараки аъзои созмон дахл карданд.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи навбатии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Москва моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мешавад. Тарафайн оид ба масъалаҳои асосии рӯзнома ва ҳуҷҷатҳои муҳимме, ки дар он баррасӣ мешаванд, ибрози назар карданд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, ҷинояткории муташаккил мавриди муҳокима қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520