Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Иванов

05.04.2005 15:00, шаҳри Душанбе

5 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи  Федератсияи Россия Сергей Иванов мулоқот кард.

Дар ҷараёни сӯҳбат атрофи маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи  созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, ба хусус, дар мавриди мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва оқибатҳои фалокатбори он мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Иванов ташкили  машқҳои муштараки ситодию фармондеҳиро, ки бо иштироки низомиёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қисмати ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, омили муҳимми таҳкими робитаҳои ҳарбии  байни кишварҳои узви ин созмон арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520