Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

05.04.2005 17:00, шаҳри Душанбе

5 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумат ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир намуд.

Дар маҷлис масъалаҳои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва татбиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 феврали соли 2003 "Дар бораи ҷашни 60-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945" мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Қайд карда шуд, ки то имрӯз корҳои омодагӣ ба ҷашн хусусан чопи китоби хотира,  медали ҷашнӣ бахшида ба 60-солагии Ғалаба ва як қатор корҳои дигар ба анҷом расонида шудааст. 

Дар хатми кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520