Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

16.04.2005 18:00, шаҳри Душанбе

16 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мактабҳои олӣ, мушовирони давлатии Президент ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.

Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи машварати корӣ таҳлили вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҷараёни татбиқи қарору қонунҳои амалкунанда, дастуру супориш ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  буд.

Бо натиҷагирӣ аз ҳисоботи масъулин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои асоснок аз мавҷудияти ҳодисаҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳатто маблағҳои аз фонди эҳтиётии Сарвари давлат барои кӯмаку дастгирии эҳтиёҷмандону бепарасторон  ҷудо гардида, изофанависӣ дар мавриди падохти нафақа ва ёрдампулиҳо, монеъагӣ ва роҳ додан ба қонуншиканӣ ҳангоми тақсими замин ба аҳолӣ, фишор ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ришвахӯрӣ дар соҳаҳои  маориф ва тандурустӣ изҳори нигаронӣ кард ва баҳри ислоҳи камбудиҳо сохторҳои марбутаро вазифадор сохт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати омодагӣ ва баргузории 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳияи нақшаву  чорабиниҳои вобаста ба соли тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва Конфронси байналмилалӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" дастурҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат ба масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бобати омодагӣ дар мавриди анҷоми муваффақонаи бунёди минтақаҳои роҳи Шоҳон-Зиғар, Шкев-Зиғар, нерӯгоҳи Помир-1, туннели Анзоб, кони гази Хоҷабоқирғон, масъалаҳои таъмини оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд ва таҳияи нақшаи бунёди литсей - интернати Президентӣ барои ятимон бо назардошти тамоми имкониятҳои таҳсилу фароғат, истиқомат ва шароитҳои технологии сатҳи байналмилалӣ  супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520