21 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо анҷом ёфтани фаъолияти дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Максим Пешков ӯро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба дипломати Россия барои саҳми арзандааш дар равнақу ривоҷи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия миннатдории самимӣ баён кард. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки баъди ташрифи нахустини расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байнидавлатӣ ҳамкории мутақобилан муфид ва ҳамаҷонибаи ҳар ду кишвар боз ҳам ривоҷ ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дар амал татбиқ намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла сохтмони муштараки нерӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда -1", "Роғун" ва корхонаҳои алоҳидаи истеҳсолу коркарди алюминий таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Дар мулоқот баъзе масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.