1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъин намудани 74 нафар судяҳо ба вазифаҳои гуногуни мақомоти судии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фармон баровард.
Аснои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳо таъкид рафт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги ҷомеаи навини шаҳрвандӣ мебошад.
Сарвари давлат аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешбурди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ҷиҳати таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, беҳтар намудани шароитҳои кории кормандони ҳокимияти сеюм ёдрас шуда, аз фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар мавриди пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, ошкор гардидани сабабҳо ва омилҳои содиршавии ҷиноят ва умуман пешравиҳои назарраси соҳа изҳори қаноатмандӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба судяҳои навтаъиншуда барори кору пешрафиҳои касбӣ таманно кард.