24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили рӯзи истиқлолияти Украина ба унвони Президенти ин мамлакат Виктор Ющенко барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
"Таҷлили рӯзи истиқлолияти Украина ба ман имкон медиҳад, ки Шумо ва тамоми халқи мамлакататонро ба шарафи ин воқеаи фараҳбахш самимона табрик намоям.
Бо камоли қаноатмандӣ зикр мекунам, ки ҳамкории мамлакатҳоямон дар заминаи принсипҳои эҳтироми мутақобила ва анъанаҳои дӯстона мунтазам ва муттасил вусъат пайдо мекунад.
Мо азми қавӣ дорем, ки барои минбаъд равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Украина тамоми тадбирҳои заруриро андешем.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо, Виктор Андреевичи мӯҳтарам, саломатии комил, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Украина сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзу менамоям".