Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари нави Хазинаи байналмилалии асъор дар Точикистон Карлос Пинеруа

06.09.2005 12:00, шаҳри Душанбе

6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Точикистонро таҳти сарварии роҳбари нави он Карлос Пинеруа ба ҳузур пазируфт.     

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи равнақу ривоҷи ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналхалқии асъор муҳокима шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки мулоқоти имрӯзаро ҳамчун идомаи тадбирҳои таҳкими ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Хазинаи байналхалқии асъор дар бобати дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат баррасӣ менамояд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ дар давоми 7 моҳи соли 2005 нисбат ба ҳамин давраи соли 2004-ум 8,6 фоиз афзудааст.  Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат 8,9 фоиз ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,5 фоиз зиёд шуд.           

Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориро дар бобати дасгирии ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон идома медиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520