Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари намояндагӣ ва ҳамоҳангсози доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Уилям Пейтон

06.09.2005 15:00, шаҳри Душанбе

6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари намояндагӣ ва ҳамоҳангсози доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Уилям Пейтонро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъияти ҳозира ва нақшаҳои густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ, аз ҷумла дар бобати тезонидани суръати таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди миллӣ муҳокима шуд, ки мақсади он мушарраф шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.

Мусоҳибон зикр карданд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи 7 мамлакатест, ки дар онҳо барномаи умумиҷаҳонии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола амалӣ карда мешавад. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар муайян намудани эҳтиёҷот барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар байни мамлакатҳои дигар пешсаф аст.

Ҳар ду ҷониб изҳор намуданд, ки ҳамкории самарабахши дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ-ро ба манфиати тарафайн боз ҳам ривоҷ хоҳанд дод.

Эмомалӣ Раҳмон ва Уилям Пейтон атрофи масъалаҳои омодагӣ ба мулоқоти сарони давлатҳои узви СММ, ки моҳи сентябр дар Ню-Йорк баргузор мегардад, ва барномаи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он табодули назар намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520