Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Ян Кубиш

07.09.2005 14:00, шаҳри Душанбе

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Ян Кубиш мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи равнақу ривоҷи ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама дар заминаи созишномаи ҳамкории Тоҷикистон бо мамлакатҳои узви иттиҳод, ки онро 25 давлати Аврупо имзо кардаанд, муҳокима шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки вусъати муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати берунӣ мебошад. Мо ба равнақу ривоҷи муттасили ин муносибатҳо манфиатдорем.

Мусоҳибон дар ин хусус ҳамфикр буданд, ки ҳамкории дуҷонибаро дар мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони имрӯза, аз ҷумла терроризм, моҷароҷӯӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор тақвият бахшидан зарур аст.

Ян Кубиш зимни муҳокимаи вазъияти минтақа ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод. Вай зикр кард , ки мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар тақвияти муҳофизати сарҳади он бо Афғонистон ҳатман кӯмак мерасонанд.

Ҳарду ҷониб ба вазъияти ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои узви он баҳои мусбат дода, изҳор намуданд, ки тайёранд, ин ҳамкориро дар ҳамаи соҳаҳо вусъат бахшанд.

Ян Кубиш баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон таассуроташро аз сафари Тоҷикистон баён карда гуфт, ки ӯ дар мамлакати мо солҳои тӯлонӣ кор кардааст. Вай шоҳид буд, ки ҳукумат ва халқи Тоҷикистон вазъияти душвори солҳои ҷанги дохилиро бартараф намуда, дар бобати пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, суботи вазъият ва демократикунонии ҷомеа ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520