Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати мудирони иҷроияи Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Пол Вилям Спелтс

07.09.2005 17:00, шаҳри Душанбе

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд -ҳайати мудирони иҷроияи он таҳти роҳбарии Пол Вилям Спелтс мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои ояндаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд муҳокима шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки сафари ҳайати бонки мазкур ба Тоҷикистон, ҳамчун иқдоми муҳимми равнақу ривоҷи ҳамкорӣ дар бобати боз ҳам бештар густариш додани муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ карда мешавад. "Мо ҷидду ҷаҳди роҳбарияти бонкро дар ин бобат ҳамҷониба дастгирӣ менамоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Мусоҳибон қайд карданд, ки тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои ислоҳот ва рушд ба туфайли кӯмаку дастгирии муассисаҳои байналхалқии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, тӯли солҳои охир ба таъмини вазъияти босуботи макроиқтисодӣ ва пешрафти иқтисодии мамлакат имкон доданд.

Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ ба барномаҳои дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт таҳияшуда табодули назар карда шуд. Қайд гардид, ки ин барномаҳо аҳамияти калони минтақавӣ доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520