Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ҷамъияти саҳҳомии "Русский алюминий" Олег Дерипаска

08.09.2005 14:00, шаҳри Душанбе

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони ҷамъияти саҳҳомии "Русский алюминий" Олег Дерипаскаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои дарозмӯҳлати миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳҳомии "Русский алюминий" мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

 Тарафҳо оид ба оғози маблағгузорӣ ва корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва корхонаи нави алюминӣ дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор намуданд.

"Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, - ба бунёди ин иншооти стратегӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад, зеро сохтмон ва ба истифода додани онҳо дар пешрафти иқтисодию энергетикии кишвари мо ҷаҳиши бузурге хоҳад шуд".

Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо барои рушду такомули минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд изҳори омодагӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи Созишномаи ҳамкорӣ ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Русский Алюминий" дар рушди соҳаҳои гидроэнергетика, кимиё, металургияи ранга ва ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо барои ин соҳаҳо ширкати фаъол меварзад.

Аз ҷумла, бо назардошти ӯҳдадорӣ нисбати ҷалби сармоягузориҳо ба маблағи 550 млн. доллари ИМА, ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Русский Алюминий" сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғунро, ки иқтидори лоиҳавии он дар як сол 4 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад, то охири соли 2009 бояд ба истифода диҳад.

Ширкати мазкур, бо назардошти ӯҳдадории он нисбати ҷалби сармоягузориҳо ба маблағи 600 млн. доллари ИМА, сохтмон ва ба истифода додани ду навбати корхонаи нави алюминийро дар вилояти Хатлон, ки иқтидори солонаи ҳар яки он 100 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад, ба ӯҳда дорад. Сохтмон ва ба истифода додани навбати аввали корхонаи нави алюминӣ то охири соли 2010 ва навбати дуюм - дар мӯҳлати то охири соли 2013 бояд амалӣ гардад.

Инчунин ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Русский Алюминий" дар мӯҳлати то охири соли 2007 бо мабалағгузории умумии 150 млн. доллари ИМА сохтмон ва ба истифода додани ду корпуси электролизии Корхонаи алюминийи Тоҷикистонро, ки иқтидори умумии лоиҳавии онҳо дар як сол 100 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад, ба ӯҳда гирифтааст.

Анҷоми муваффақонаи ин тадбирҳои наҷиб имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши барқро ба хориҷи кишвар ба роҳ монад ва буҷети давлатиро ғанӣ гардонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520