Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс

13.10.2005 13:00, шаҳри Душанбе

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқоти як ба як ва мулоқоти ҳайатҳо, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико, баъзе мавзӯъоти хусусияти минтақавию байналмилалӣ дошта ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо ИМА аз самтҳои афзалиятнок мебошад. "Мо - ёдовар шуд, Сарвари давлати Тоҷикистон, - ба таҳкиму густариши ин муносибатҳо манфиатдорем".

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии робитаҳои дуҷониба қаноатмандии худро изҳор доштанд ва иловатан зикр намуданд, ки барои ҳамкорӣ дар бисёр соҳаҳои дигар иқтидорҳои васеи истифоданашуда мавҷуданд ва аз ин лиҳоз азми қатъии худро дар татбиқи амалии онҳо таъкид сохтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба бо ИМА дар тамоми самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатнок ҷидду ҷаҳд намояд. Ҳамгироиҳои муштарак дар мубориза бо хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, мусоидат дар таъмини амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон аз самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи мо аст, қайд гардид дар мулоқот. " Мо саҳми ИМА-ро дар ин самт баланд арзёбӣ мекунем ва ба кишвари Шумо барои бартараф сохтани хавфи доимӣ, ки аз ҷониби Афғонистони азияткашида бармеомад, арзи сипос менамоем", - зикр сохт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар ду ҷониб қайд намуданд, ки ба таҳкими сулҳи пойдор дар Афғонистон манфиатдор мебошанд, вале проблемаи асосӣ дар Афғонистони ҳамсоя имрӯз чун пештара истеҳсоли васеи маводи мухаддир ва паҳнсозии онҳо ба дигар кишварҳо боқӣ мемонад.

Ҷонибҳо ҳамчунин манфиатдории худро дар мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти Афғонистон иброз намуданд. Ба сифати намуна лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум дар сарҳади Афғонистон зикр гардид, ки метавонад дар тараққиёти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ ворид созад.

Кондолиза Райс аз ҷараёни демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон дар минтақа ягона кишварест, ки дар он дар қатори ҳизбҳои дигари сиёсӣ Ҳизби исломӣ (Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон) фаъолият менамояд ва ҳатто дар Парламенти мамлакат намояндаи худро дорад.

Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520