Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

21.10.2005 14:30, шаҳри Душанбе

21 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва бонкҳои давлатии ҷумҳурӣ, раисони ноҳияҳои кӯҳистони тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили дар амал татбиқ намудани Барномаи "Барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ", Барномаи "Барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбурпарварӣ", ҷамъоварии картошка, меваҷот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, вазъи кишту кори тирамоҳӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъминоти аҳолӣ ва сохторҳои қудратӣ бо маводи озуқа, захира ва нигоҳдории он дар анборҳо, ҳолати маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар манотиқи қӯҳистони ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи корҳоро оид ба масоили номбурда мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки  ҳиссаи манотиқи кӯҳистон дар рушду нумӯъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ,   хусусан бахши кишоварзӣ хеле калон аст ва афзуд, ки дар ин минтақаҳо қисми асосии картошка, меваҷот ва асал истеҳсол шуда, наздики 40 фоизи чорвои ҷумҳурӣ парвариш меёбад ва ҷиҳати ғанӣ гардонидани дастурхони мардуми кишвар саҳми босазо гузошта мешавад.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияҳои қӯҳистон ба тараққиёти он эътибори ҷиддӣ медиҳад, мисоли равшани ин барномаҳои "Барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010", ва "Дар бораи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбурпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2010" аст, ки дар пешрафти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, хусусан ноҳияҳои кӯҳистон нақши муҳим хоҳанд бозид.

Дар рафти сафарҳои дохилиҷумҳуриявии Сарвари давлат боздидҳои бевосита аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо нишонаи таваҷҷӯҳи бевосита ва ғамхории Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳа аст.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон   мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2003 № 542 "Дар бораи танзими қарзи корхонаю ташкилотҳои кишоварзии таҷдидшуда ва таҷдидшаванда" қарзи чунин корхонаю ташкилотҳои манотиқи кӯҳистон, ки аз хизматрасонии барқ, газ, об, андоз ва пардохтҳои иҷтимоӣ то 1 январи соли 2003 ҷамъ 8,6 млн. сомониро ташкил медод, бекор карда шуд.

Зикр гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дар солҳои 2002-2004 аз ҳисоби гранти ( 3,2 млн.) ҷудошуда 1 миллиону 610 ҳазор доллар барои ноҳияҳои минтақаи Рашт, Файзобод ва шаҳри Роғун ҷудо карда шуд.

Дар ҷаласа таъкид рафт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти соҳаи картошкапарварӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар давоми чор сол се маротиба гузаронидани семинари ҷумҳуриявӣ оид ба картошкапарварӣ дар ноҳияҳои Ҷиргатол (соли 2001), Тоҷикобод (соли 2003) ва шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ (соли 2004), ки ба тараққиёти соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд, шаҳодати он аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи парвариши тухмии картошкаро муфассал таҳлил намуда, изҳор дошт, ки ба ин мақсад то ин вақт аз буҷети ҷумҳурӣ маблағҳои хеле зиёд барои харидории картошкаи тухмӣ аз хориҷи кишвар ҷудо карда шудааст. Аз ин хотир барои ба роҳ мондани парвариши тухмии картошка дар дохили ҷумҳурӣ ва истеҳсоли картошкаи барвақтӣ баҳри самарабахш идома додани тадбирҳои оғозгашта чораҳои муассири иловагӣ андешидан зарур аст.

Аз ин хотир ба раисони ноҳияҳо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дастур дода шуд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, тараққиёти минбаъдаи соҳаро барои ба 600 ҳазор тонна расондани истеҳсоли картошка ва ба хориҷи кишвар содир намудани картошкаи хушсифати барвақтӣ таъмин намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба масоили омодагӣ ба зимистон махсус дахл намуда, ба Иттифоқи Тоҷикматлубот, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо дастур дод, ки барои захира ва нигоҳдории меваю сабзавот, консерваҳо, инчунин бо дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2005-2006 чораҳои амалӣ андешида, танзими нарху навои маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520