Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Дания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пйер Карлсен

25.10.2005 11:00, шаҳри Душанбе

25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Дания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пйер Карлсен эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Дания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пйер Карлсен, ки баъди маросими қабули эътимоднома доир шуд, масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Дания мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Барои Тоҷикистон, - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат аст,- ва афзуд, ки, - мо ба рушду нумӯъи пайвастаи ҳамкориҳои судманд бо кишвари Шумо манфиатдорем.

Президенти ҷумҳурӣ сатҳи муносибатҳои Тоҷикистонро бо Дания ва дигар кишварҳои Аврупо мусбат арзёбӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки ҳоло на ҳама имкониятҳои мусоиди ҳамкориҳои судбахш мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи имкониятҳои ҳамкорию ҳамгироӣ дар муборизаи муштараки зидди хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба мисли терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар ин робита расондани кӯмак ба қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки татбиқи амалии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мустаҳкамкунии сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир механизми муҳимми ҳамкорӣ алайҳи ин хатари глобалӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва ҳам Созмони Милали Муттаҳид мегардад.

Дар мулоқот таъкид рафт, ки Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикии байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо низ, ки соли 2004 ба имзо расида буд, имкониятҳои хуби ҳамкорӣ фароҳам меорад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду савдо ва илму фарҳанг низ мубодилаи афкори судбахш сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520