Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Бенедейчич

25.10.2005 12:00, шаҳри Душанбе

25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Бенедейчич эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Бенедейчич, ки пас аз маросими қабули этимоднома доир шуд, маҷмӯи васеи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Словения муҳокима гаштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон ба масоили густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла бо Словения таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз густариши муносибатҳо ва равобити мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Словения изҳори қаноатмандӣ намуда, натиҷаҳои сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар Димитр Рупелро, ки моҳи апрели соли равон ба ҳайси раиси Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо бо гурӯҳи калони соҳибкорони Словения ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мусбату назаррас арзёбӣ кард.

Дар мулоқот оид ба ташкили заминаи ҳуқуқию шартномавии ҳамкориҳои минбаъда ва имкониятҳои васеи истеҳсолию саноатӣ, дурнамои рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо барои рушду нумӯи минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520