Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ирландия дар Тоҷикистон Ҷастин Ҳарман

27.10.2005 10:00, шаҳри Душанбе

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ирландия дар Тоҷикистон Ҷастин Ҳарман эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ирландия дар Тоҷикистон Ҷастин Ҳарман, ки баъди маросими қабули эътимоднома доир шуд, маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ирландия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Мо, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ба вазифаи сафир таъин шудани Шуморо ҳамчун нишони ҳавасмандии давлати Ирландия баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон қабул менамоем, - ва афзуд, ки дурии масофаи байни кишварҳои мо дар шароити имрӯзаи глобализатсия наметавонад садди роҳи робитаҳои ҳамкории мо гардад".

Дар мулоқот зикр гардид, ки дар шароити рушди бемайлони имрӯза ва ояндаи умедбахши иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигаргуниҳои зиёди мусбӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ имкониятҳои васеи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва савдо кушода мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520