Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон Давид Замсалианӣ

27.10.2005 11:00, шаҳри Душанбе

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон Давид Замсалианӣ эътимоднома қабул намуд.

Баъди маросими қабули эътимоднома Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон Давид Замсалианӣ мулоқот анҷом дод, ки дар ҷараёни он доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон муҳокима гаштанд.

"Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо Гурҷистон манфиатдор аст, аз ин хотир мо ҷараёни воқеоти Гурҷистон ва атрофи онро пайваста мавриди омӯзиш қарор медиҳем", - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат .

Дар мулоқот оид ба имконият ва роҳҳои барқарор намудани муносибатҳои қаблӣ ва ташкил намудани самтҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Гурҷистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки бо назардошти рушди босуръати иқтисодии ҳарду кишвар имкониятҳои ба роҳ мондани робитаҳои нави ҳамкорӣ зиёд мегарданд.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки дар гузашта ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои мо дар соҳаи фарҳанг ва илму маориф бисёр назаррас буд ва имрӯз барқарор ва густариш додани ин муносибатҳои анъанавӣ зарур аст.

Мусоҳибон барои эҷоди заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Гурҷистон изҳори омодагӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520