Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри чор китоби таҳлилию тадқиқотӣ бахшида ба 14-умин соли фаъолияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Сарвари давлати Тоҷикистон

03.11.2005 09:00, шаҳри Душанбе

Дар арафаи ҷашни 11-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14-умин соли фаъолияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Сарвари давлати Тоҷикистон таҳти назари академик Талбак Назаров нашрияи "Деваштич" чор китоби таҳлилию тадқиқотии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарипов ва барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Лоҳутӣ Садриддин Шамсиддиновро аз чоп баровард.

Китоби аввал "Президент" муаррифӣ шуда, фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз марҳилаи мушкилоти пурпечутоби сиёсӣ то даврони навини пешрафту бунёдкориҳои эътимодбахши иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин омилҳои асосии болоравии нуфузи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ фаро мегирад.

Китоби дуюм таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - пайвандгари дӯстии Тоҷикистону Россия" аз марҳилаҳои боровари рушди муносибати дуҷониба, татбиқи амалии созишномаҳои муҳимми ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл мекунад.

Муаллифон таҳкими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро натиҷаи мавқеи устувори шахсии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар такомули муносибатҳои стратегӣ бо Федератсияи Россия арзёбӣ намудаанд.

Дар китоби сеюм "Соле, ки ба қарнҳо баробар аст" соли 2004-ум дар сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаҳои пурсамару заминагузори амиқи таҳкимбахши истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод шудааст.

Дар соли 2004-ум имзои қарордодии ҷалби беш аз 2 миллиард доллари сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли мусбати 350 миллион доллари қарзҳои хориҷӣ, бунёди даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, имзои созишномаи ҳамдастию ҳамкорӣ бо 25 давлати узви Иттиҳоди Аврупо, бешубҳа, аз дастовардҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Китоби чорум таҳти ҳамин унвон бо забони русӣ ба табъ расидааст. Хусусияти китобҳои нав таҳлили амиқу ҳамаҷониба, назари воқеъбинонаи муаллифон ба рӯйдодҳои таърихии ҳаёти ҷомеа, пешниҳоди асосҳои илмии пешрафт ва равандҳои муваффақонаи ободкорию созандагӣ дар сиёсати ваҳдатниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бори нахуст тарҷумаи ҳоли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муфассал бо ду забон дар китобҳои алоҳида ба нашр расидааст.

Ба андешаи муҳаррири масъул академик Талбак Назаров китобҳои нав пурмӯҳтавою манбаи беназири тадқиқотӣ барои доираи васеи хонандагон, олимону сиёсатшиносон, устодону аспирантони мактабҳои олӣ мебошад.

Аз мӯҳтавои китобҳои нав метавонед аз сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет "President.tj" огоҳӣ пайдо намоед.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520