Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 11-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2005 12:00, шаҳри Душанбе

5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бахшида ба 11-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз пахши суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуда, сокинони ҷумҳуриро бо ин санаи таърихи навини миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва бузургтарин дастоварди истиқлоли кишварамон табрику таҳният гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки Конститутсия, ин волотарин ва муҳимтарин санади ҳуқуқии кишвар пеш аз ҳама истиқлоли давлатии Ватани азизи моро ба расмият даровард, сохтор ва усули давлатдориро муайян кард, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба се шоха - Қонунгузор, Иҷроия ва Судӣ таъмин намуда, роҳу равиши фаъолияти онҳоро муайян намуд ва афзуд, ки мувофиқи нишондоди он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи таҳияи таъҷилии Конститутсия дар замоне, ки ҷумҳуриро муноқишаҳои нангини дохилӣ фаро гирифта буд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Сарқонуни ба тозагӣ таҳия ва қабулгаштаи давлати мо ба панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҳама кишварҳои олам ворид шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор намуд, ки Конститутсияи мо афзалияти ҳуқуқи инсонро бар давлат ва мақоми баланди ӯро дар ҷомеа эътироф намуд ва тасдиқ кард, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ва ҳаракату гурӯҳи алоҳида наметавонад, мафкураи давлатӣ эълон гардад.

"Муҳимтар аз ҳама, - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - Конститутсияи Тоҷикистон заминаи ҳукуқии пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро фароҳам оварда, баҳри рушду нумӯи ҳамаҷонибаи он шароити зарурӣ фароҳам овардааст.

Баъди анҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати ин санаи таърихӣ барномаи идонаи консертӣ бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон баргузор гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520