12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов эътимоднома қабул кард.
Дар мулоқоти баъди маросими қабули эътимоднома доиргашта масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
"Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз таҳкими ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама бо Ӯзбекистон, вазифаи муҳимтар нест", изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат бо сафири Ӯзбекистон ва афзуд, ки "мо ҷонибдори онем, ки бо назардошти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор ҳама имкониятҳои мавҷуда барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ истифода бурда шаванд".
Дар мулоқот атрофи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ, дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, авзои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ва ҳам масоили вобаста ба сарҳад, рафтуои мутақобилаи мардум байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ба наздикӣ дохил шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имконияти хуби тавсеаи ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ намуданд.