13 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Муҳаммади Хайрхоҳ эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти баъди анҷоми маросими қабули эътимоднома доиргашта масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Таҳким ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ҳамзабону ҳамфарҳанг аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо атрофи масоили бозсозии баъдиҷангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, авзои кунунии ин кишвар ва мамлакатҳои ҳамсояи он, саҳм ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон моҳи апрели соли равон баимзорасида ва тасмимоти байни сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Эрон дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ дар Арабистони Саудӣ ба мувофиқарасида, дар мавриди татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.