Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо иштироки масъулини Ҳукумати мамлакат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва дигар ашхоси дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба назорати давлатии молиявӣ, хароҷоти мақсадноки маблағҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ, мусоидати ҳуқуқӣ ба татбиқи босамари лоиҳаю барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва муборизаи беамон бо коррупсия баррасӣ шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов ба масоили мубориза бо коррупсия дар дохили худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳадафу вазифаҳои дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки имрӯз зарурати аз нав дида баромадани сохтор ва ҳуқуқу вазифаҳои мақомоти марбут ба ин масоили доғи ҷомеа ба миён омадааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баҳри иҷрои босамари ҳадафу вазифаҳои барои марҳилаи нави рушду нумӯи давлати Тоҷикистон муайяншуда ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххасу қатъӣ дод.