3 феврал Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансенро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот сарвари давлат ташрифи ҳайатро идомаи самаранок ва рушди ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, ки ба тавассути рушди он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамалакат дар назар дошта шудааст, арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот зикр шуд, ки 16-уми январи соли ҷорӣ Ҷаласаи Шӯрои иҷроияи директорони Хазинаи байналмилалии асъор ҷараёни татбиқи соли аввали барномаи маблағгузориро дар бобати болоравии рушди иқтисодӣ бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳамдастӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат баҳои мусбат дода шуд.
Ин падидаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ифодаи ҳамкории муваффақонаи ҳукумати ҷумҳурӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор маънидод намуд.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди мунтазами макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардид, ки афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар соли 2003 шоҳиди онанд, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта 10,2 фоиз афзуд, маҷмӯи маҳсулоти саноат ба 10,2%, кишоварзӣ 9,6%, фаъолияти иқтисоди беруна 15,2% ва хизматрсонию корҳо 14,7% зиёд гашт. Ин раванд имкониятҳои буҷетро барои дастгирии ояндаи бахши иҷтимоӣ афзун менамояд.
Тарафҳо барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таҳияи нави стратегияро барои ду соли оянда, ҷиҳати нигоҳдошти мунтазамии макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ, ки ба тавассути он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар назар дошта шудааст, муҳокима намуданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати меҳмононро ба мавзӯи ислоҳоти замин дар ҷумҳурӣ бо назардошти принципи тақсими замин ба ҳар як оилаи деҳот ҷалб намуда, афзуд, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, ҳукумати вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки дар муддати 6 моҳ доир ба раванди тақсими дурусти замин ба аҳолӣ ба Ҳукумат ахбор пешниҳод намоянд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин доир ба дурнамои ҳамкориҳо дар бахши сиёсати андозу буҷет, такмили як қатор асосҳои ҳуқуқии вобаста ба кодекси андозу гумрук ва сиёсати қарзию пулӣ мубодилаи афкор карда шуд.