9 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Аcхат Оразбойро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо бо муҳокимаи масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, баъзе масоили ташкилии мулоқоти 8-уми сарони кишварҳои узви Созмонро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе баргузор хоҳад шуд, баррасӣ намуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, ба нақши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар инкишофи иқтисодии минтақа баҳои баланд медиҳад. Рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои миёни кишварҳои узви ин созмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муносибатҳои мо дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бояд ҷавобгӯи талаботи рӯз бошад, зеро дар марҳалаи глобализатсияи ҷаҳони муосир танҳо рушди иқтисодии минтақа ва кишварҳои алоҳида ба таъмини суботу шукуфоӣ кафолат хоҳад дод.
Таъкид ёфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмон тадбирҳои амиқ меандешад.
Дар ҷараёни мулоқот зарурату аҳамияти инкишофи ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сайру сайёҳат, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ арзёбӣ шуданд.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Созмон ба тавсеаи ҳамкориҳо такони нав хоҳад бахшид.