Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани маблағ барои таҷҳизонидан, таъмир ва сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

18.05.2004 14:00, шаҳри Душанбе

18 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукуматҳои шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои таҷҳизонидан, таъмир ва сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ 1 600 000 (як миллиону шашсад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Ҳамчунин  раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ вазифадор карда шуданд, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҳароҷоти анҷомдодаро аз рӯи иншоот ва намуди корҳо пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520