Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо мушовири махсуси муншии умумии СММ дар масъалаи ҳадафҳои рушди ҳазорсола Ҷефри де Сакс

01.06.2004 14:00, шаҳри Душанбе

1 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мушовири махсуси муншии умумии СММ дар масъалаи ҳадафҳои рушди ҳазорсола Ҷефри де Сакс дар масъалаи оғози татбиқи «Барномаи ҳазорсола» дар Тоҷикистон тавассути канали видео мулоқот кард.

Тоҷикистон, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумлаи 7 мамлакати аввалин мебошад, ки дар онҳо ин барномаи умумибашарӣ татбиқ карда мешавад. Интихоби Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки мамлакат душвориҳои ҷиддии сиёсию иқтисодиро паси сар карда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ба ҳазорсолаи нав қадамҳои устувор мегузорад.

Баъдан мусоҳибон роҷеъ ба роҳу нақшаҳои амалӣ сохтани ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Барномаи ҳазорсолаи СММ-ро муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Кофи Аннан таъсис дода буд, ки ҷараёни пешниҳоди нақшаҳои беҳтарини стратегиро дар бобати амалӣ сохтани ҳадафҳои рушди ҳазорсола назорат мекунад. Онҳо барои бисёр ҳадафҳои миллӣ ҷанбаи асосӣ мебошанд, ки дар Барномаи миллии стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ муайян карда шудаанд.

Мақсади асосии Барномаи ҳазорсола расондани кӯмак ба мамлакатҳои қашшоқ дар амалӣ сохтани ҳадафҳои рушди ҳазорсола мебошад. Ҳадафҳои рушди ҳазорсола вазифаҳое мебошанд, ки охири солҳои 90-ум дар эъломияи таърихии ҳазорсола муқаррар карда шудаанд. Эъломияи мазкурро 189 мамлакати ҷаҳон моҳи сентябри соли 2000 дар ҷараёни мулоқоти ҳазорсолаи СММ қабул карда буданд.

Муассисаи рушди СММ дар асоси эъломияи мазкур ҳамроҳи муассисаҳои дигари СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ дар бобати баёни мухтасари ин ҳадафҳо корҳои зиёдро анҷом дод. Ҳуҷҷати ниҳоӣ таҳти унвони «Ҳадафҳои СММ дар соҳаи Рушд дар оғози ҳазорсолаи нав» таҳия карда шуд. Ба онҳо 8 ҳадаф, 18 вазифа ва бештар аз 40 мавзӯъ шомил гаштанд.

Муносибати Тоҷикистон ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бори аввал соли 2000 дар ҷараёни мулоқоти ҳазорсола муайян карда шуданд. Ҳамон вақт Тоҷикистон ҳадафҳои барномаро барои ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ пурра дастгирӣ карда буд.

-Қайд кардан лозим аст, ки ҳадафҳои рушди ҳазорсола барои Тоҷикистон нав намебошанд, онҳо дар ин ё он шакл дар нақшаҳо ва барномаҳои миллӣ инъикос ёфтаанд, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Мувофиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола то соли 2015 ба ду баробар кам кардани шумораи одамоне, ки аз гуруснагӣ ва қашшоқӣ азобу уқубат мекашанд, таъмини таҳсили умумии ибтидоӣ, дастгирии баробарҳуқуқии зану мард, ду баробар кам кардани миқдори вафоти бачагони то панҷсола, аз чор се ҳисса кам кардани миқдори вафоти модарон, андешидани тадбирҳои самарабахш ба муқобили паҳн гардидани бемориҳои СПИД, табларза ва сил, таъмини вазъияти устувори экологӣ, ба роҳ андохтани ҳамкорӣ ва шароити мамлакатҳои ҷаҳон барои амалӣ сохтани ҳадафҳои рушд, расондани кӯмак, вусъати тиҷорат ва амалӣ намудани нақшаи осонтар сохтани адои қарзҳо ноил гардидан зарур аст.

Дар мулоқот инчунин ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон Вилям Пейтон иштирок намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520