Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо Бригита Шмегнарова ва котиби иҷроияи Муассисаи СММ барои мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором Ким Ҳақ Су

03.06.2004 15:00, шаҳри Душанбе

3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовинони муншии умумии СММ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо Бригита Шмегнарова ва котиби иҷроияи Муассисаи СММ барои мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором Ким Ҳақ Су мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид чӣ дар асосҳои дуҷониба ва чӣ бо роҳи барномаю нақшаҳои гуногун баҳои баланд медиҳад. Яке аз онҳо барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Қайд карда шуд, ки иштирои СММ дар ҳалли проблемаҳои вобаста ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ, таъмини рушди устувори мамлакатҳои нисбатан сусттараққикарда ба кам кардани хавфи пайдоиши таҳдидҳои гуногун ва аз тарафи қувваҳои муайяни харобкор истифода шудани қаламрави ин мамлакатҳо имконият фароҳам меорад.

Эмомалӣ Раҳмон чунин мешуморад, ки дар оянда нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун созмони беҳамтои байналхалқӣ баланд бардоштан зарур аст, ки ҳадафи он муқаррар намудани муносибатҳои умумӣ барои ҳалли ин проблемаҳо мебошад. Мо дар оянда барои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ бо муассисаҳои СММ дар соҳаҳои гуногун манфиатдорем, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни мулоқот бо таассуф қайд карда шуд, ки барномаҳо ва нақшаҳои мазкур асосан хусусияти башардӯстона доранд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар баробари ин ба барномаю нақшаҳои марбут ба рушди устувор ва пешрафти иқтисодиёт диққати зарурӣ додан лозим аст.

Мусоҳибон зикр намуданд, ки ба туфайли саъю кӯшишҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ иштироки теъдоди зиёди мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар анҷумани байналхалқии соли гузашта дар Душанбе баргузоргардида таъмин карда шуд. Идомаи мантиқии ин ҳамкорӣ охири соли гузашта қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи кулли СММ дар бораи Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кардани солҳои 2005 – 2015 мебошад. Бояд гуфт, ки ин пешниҳодро Тоҷикистон ба миён гузошта буд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба амалӣ сохтани барномаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт ва алоқа, озод намудани тиҷорати дохили минтақа ва ба вуҷуд овардани фазои воҳиди сармоягузорӣ манфиатдор мебошад. Вай қайд намуд, ки Тоҷикистон тайёр аст, дар бобати амалӣ сохтани Барномаи «ривоҷ додани ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» саҳми бештар гузорад. Зикр шуд, ки барномаи мазкур идомаи мантиқии қарорҳои конфронси байналхалқии иқтисодии Муассисаи махсуси СММ барои иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки соли гузашта дар Душанбе баргузор гардид.

Аъзои комиссияи СММ ва Бунёди байналхалқии Наҷоти Арал дар ҷараёни мулоқот меморандуми ҳусни тафоҳумро имзо намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520