Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия

04.06.2004 07:00, шаҳри Душанбе

4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия рафт.

Дар ҷараёни сафари корӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор мешавад.

Дар вохӯриҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои иқсодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва илмию фарҳангӣ, баррасии татбиқи амалии Созишномаҳои қаблан қабулгардида, дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар назар аст.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Эркин Рахматуллоев, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Равил Нодиров, раиси кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520