Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Майкл Смит

08.06.2004 11:00, шаҳри Душанбе

8 июн Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Майкл Смитро бинобар анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба маҷмӯи муносибатҳо, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуданд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ низ имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва ба роҳ мондани онҳо ба болоравии сатҳи муносибати миёни Тоҷикистону Бритониё мусоидат хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори умеди комил аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба афзуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамагуна тадбирҳои ҷаҳонию минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Ҷонибҳо бобати инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва омӯзиши забони англисӣ низ табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот ба дигар масъалаҳои дорои характери минтақавию ҷаҳонӣ низ дахл карда шуд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба дипломати Британияи Кабир Майкл Смит барои талошҳои устувор дар мавриди таҳкими муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир изҳори сипос ва орзӯи муваффақиятҳои нав намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520