23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Малайзия дар Тоҷикистон Маҳд Заин бин Абу Бакарро қабул намуд. Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои инкишофи муносибатҳои байни ду кишвар мубодилаи афкор карданд. Дар ин қарина диққати махсус ба истифодаи имкониятҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ равона гардид.
Мусоҳибон ҳамчунин вазъи Афғонистон ва мавзӯи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд.