Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

26.04.2012 12:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд - Смит эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқот, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

«Боиси қаноатмандӣ аст, ки Британияи Кабир имрӯз дар қатори дӯстону хайрхоҳони мо қарор дорад ва онро мо яке аз шарикони муҳими хеш дар минтақаи Аврупо медонем», - гуфт зимни суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки «мо хоҳони тавсеаи ҳамкории пойдору гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо Британияи Кабир мебошем».

Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории минтақавии ду кишвар дар соҳаҳои мудофиа ва амният, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муборизаи муштараки зиддитерростӣ ва сулҳсозии нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, ҳамзамон густариши ҳамкории мутақобилан судбахши иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир зарур шумурда шуд.

Зимнан Робин Ҷереми Орд – Смит ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мавзеъгирии шоиста дар мусоидат ба нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳам саҳми намоёни кишвари мо дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон арзи қадрдонӣ намуд.

Робин Ҷереми Орд – Смит, ҳамчунин изҳор дошт, ки «ҷалби сармояи зиёди Британияи Кабирро ба Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии замони сафирии худ дар ин ҷо» қарор додааст ва барои ин пайваста ҷаҳду талош хоҳад кард.

Барои ин, ҳамчунин тақвияти бештари заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани як зумра санадҳои нав зарур дониста шуд.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520