Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуханронӣ дар маросими таҷлили ҷашни 67-умин солгарди Иди Ғалаба

09.05.2012 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Афсарону сарбозони гиромӣ!

Дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Ғалабаи бузург дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ мебошад.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштанд, таҷлил мекунанд.

Бинобар ин, ҳамаи шумо – иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 67-умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама тандурустӣ ва рӯзгори осуда орзумандам.

Ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву матонат бар зидди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд.

Маҳз ба шарофати иттиҳоду ҳамбастагӣ, дӯстиву рафоқат ва фидокориву заҳмати шабонарӯзӣ дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Мо ҳар сол ин рӯзи таърихиро ба хотири арҷгузорӣ ба пайкори пуршарафи ҷангӣ, ҷасорату фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии мардони ҷабҳаи набард ва ақибгоҳ, ки мушкилоти тоқатфарсои он солҳои мудҳишро бо кору заҳмати бемислу монанд паси сар карда, ба пирӯзӣ расидаанд, таҷлил мекунем.

Ба онҳое, ки имрӯз ҳамроҳи мо ҳастанд, таҳсину ташаккур мегӯем ва ба ёди онҳое, ки ҷони худро барои озодиву ободии мову шумо қурбон кардаанд, дуои нек мекунем.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон яке аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буд, ки дар рафти он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумияту машаққатҳои зиёд рӯбарӯ гардид ва талафоти гарон дод.

Қариб 300 ҳазор нафар фарзандони бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафарашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд.

Дар ин лаҳзаҳои пурҳаяҷон мехоҳам хотирнишон созам, ки шаҳидони ҷанг бо кору пайкор, қаҳрамониву мардонагӣ ва шуҷоату матонати худ абадзиндаанд.

Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем ва ба некӣ ёд мекунем. Зеро бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад.

Ҳарчанд ки майдони ҷангҳои шадиду хунини он солҳо аз хоки Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он ба ҳар як хонавода бараъло эҳсос мегардид.
Мардуми мо дар он солҳо бо вуҷуди мушкилоти сангин сабурона кор мекарданд ва ба хотири ғалаба, ба хотири фардои ободу осоишта ҳама бозёфташонро ба ҷабҳа мефиристоданд.

Яъне мардуми мо воқеияти сахти ҷанги хонумонсӯзро амиқан дарк карда, дар ақибгоҳ бо кору пайкори содиқона, устуворӣ ва мардонагии худ барои наздик шудан ба рӯзи ғалаба саъю талош меварзиданд.

Зеро фақат ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно барои таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа ва ноил шудан ба ғалаба мусоидат карда метавонист. Дар ин кор низ, яъне таъминоти хатти ҷабҳа бо хӯрока ва маводи дигар мардуми Тоҷикистон ҳиссаи арзанда доранд.

Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақи таърихӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузашти чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машаққатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт.

Бинобар ин, ҳар лаҳзаи талошу пайкори диловаронаи фарзандони баору номуси халқамон ҳамеша чун намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу оянда хоҳанд монд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки ҳамаи шумо дар ёд доред, ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии Ватанамон бо мақсади ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, ҳимоя намудани дастовардҳои истиқлолият, пойдор нигоҳ доштани рукнҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоишта бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуд мо артиши миллии кишварамонро таъсис додем.

Имрӯз бо гузашти бист соли истиқлол мебинем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сол ба сол нерӯманд гардида, бо интизоми намунавии ҳайати шахсии ҷузъу томҳо дар ҳифзи сарҳад, пуштибонии қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳимояи муқаддасоти миллӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши барҷаста доранд.

Ҳоло ҳар фарди бонангу номуси кишвари соҳибистиқлоламон амиқан дарк менамояд, ки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ хизмати содиқона ба Ватан, миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Садоқат ба Ватан маънои хизмати намунавӣ, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллатро ифода месозад.

Хусусан дар ибтидои асри бистуяк, ки таҳдиду хатарҳои нав ва ҷинояткории трансмиллӣ, аз қабили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва монанди онҳо вусъат ёфта истодааст, шумо – ҳомиёни Ватан бояд вазифаҳои базиммадоштаи худро бо эҳсоси масъулияти дучанд иҷро намоед.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар гӯшаҳои гуногуни олам баъзе гурӯҳҳои тундраву ифротгаро амал мекунанд, ки бо шиору мафкураи неофашистӣ мехоҳанд осоиши мардуми сайёраро халалдор созанд ва кураи Заминро ба кӯраи ҷанг табдил диҳанд.

Илова бар ин, дар минтақаву кишварҳои мухталифи олам ҳанӯз ҳам оташи ҷанг шӯъла мезанад ва доираҳои муайян ба хотири ба даст овардани манфиат дар байни мардумони ҷаҳон нифоқу тафриқаандозӣ мекунанд, ки ҳамаи ин бар зарари башарият аст.

Мо, мардуми Тоҷикистон, ҳамеша ҷонибдори оромишу осоиши ҷаҳон ҳастем ва мехоҳем, ки дар муҳити сулҳу субот зиндагӣ кунем ва бо тамоми кишварҳо робитаи дӯстона ва ҳамкории судманд дошта бошем.

Дар ин раванд мо бо арзи эҳтиром аз собиқадорони мӯҳтарам умедворем, ки насли ҷавони кишварамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан тарбия ва роҳнамоӣ кунанд.

Итминони комил дорам, ки шумо – мардони ҷабҳаи набард ва баҳодурони майдони кор бо истифода аз таҷрибаи ғании худ, малакаву маҳорат ва бо панду насиҳатҳои судманд ба наслҳои имрӯза роҳбалад шуда, барои боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии онҳо саҳми арзанда мегузоред.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагии собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхорӣ менамояд.

Чунки шумо - собиқадорони ҷангу меҳнат, нигаҳдоранда ва таҷассумкунандаи анъанаҳои пуршарафи наслҳои гузашта, намунаи барҷаста ва олии устуворӣ, мардонагӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон мебошед.

Ва ғамхорӣ дар ҳаққи шумо вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус, соҳибкорону тоҷирон, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва умуман аҳли ҷомеаи қадршиноси мо бояд бошад.

Дар хотима бори дигар ҳамаи шумо - собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва тамоми халқи азизи кишварро бо Рӯзи ғалаба самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори ободу бобаракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу дорам.

Ҷашни ғалаба муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520