Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Юрий Федотов

30.11.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷрокунандаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Аз фаъолияти Агентии назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии молию техникии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ва аз кори босамари дигар сохторҳои кишвари мо дар мубориза бо ин вабои аср изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба гуфти Юрий Федотов, «Тоҷикистон дар воқеъ дорои мутахассисони корозмудаи ин соҳа аст ва таҷрибаи ҳамкорие, ки он бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба роҳ мондааст, барои ҳамаи кишварҳои минтақа ибратбахш мебошад».

Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории босамар дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бевосита дар Афғонистон, ки яке аз манбаъҳои асосии ин маводи марговар дар ҷаҳон аст, таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520