Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки содироту воридот (Эксимбонк) - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жео Гур

25.11.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки содироту воридот (Эксимбонк) - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жео Гуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва сармоягузории лоиҳаҳои сершумори зербиноӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия арзи сипос кард.

Зикр гардид, ки бо сармоягузорӣ ва кўмаки техникии давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он дар Тоҷикистон бунёди хатти 500 киловолтаи ҷануб - Шимол ва 220 киловолтаи Лолазор - Хатлон пурра анҷом ёфта, сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чанок бо нақби Шаҳристон, Душанбе - Хорўғ -Кулма ва татбиқи дигар лоиҳаҳои калонҳаҷм босамар идома дорад.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки имрўз дар шаҳри Душанбе боз ду созишномаи дигар оид ба ҷудо намудани қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ба Тоҷикистон барои бунёди марҳилаи дуюми навсозии роҳи Душанбе - Хорўғ - Кулма ва хатти 220 киловолтаи барқии Хуҷанд - Айнӣ ба имзо мерасад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Бонки содироту воридоти ҷумҳурии Мардумии Чин дар сармоягузории дигар лоиҳаҳои судбахши Тоҷикистон низ доир ба бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳу пулҳо ва нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, азхуднамоии канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва ғайра иштироки фаъол хоҳад дошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520