Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмай

06.10.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмайро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Аз равобити сатҳи олии сиёсӣ, ки муҳаррики асосии рушди муносиботи накуи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш ба шумор мераванд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамкории мустақиму наздик ва созандаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳо ва мақомоти сарҳадӣ, амниятӣ, низомӣ ва адлияи Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини рушди минбаъдаи равобити судбахш амри ҳаётӣ номида шуд.
Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро баҳри муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хусусан баҳри таҳкими ҳифзи cарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуданд.
Барои густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи босамар аз минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷи Поён ва Ишкошими Тоҷикистон, ки дар наздикии сарҳад бо Афғонистон қарор доранд ва тезондани тадбирҳо баҳри бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерўи барқ ва роҳҳои оҳану мошингард зарур шумурда шуд. Пайвастани шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ба манфиати кулли минтақа маънидод гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520